<?xml version="1.0" encoding="UTF-8"?><song><key>D</key>
<hymn_number>31</hymn_number>
<lyrics>[V1]
.Hm                           Em    Fis
 Худовандо, Ту огоҳӣ зи андак орзуи ман.
.                            Hm
 Шиносӣ бандаи Худро ва донӣ ҷумла хӯи ман.
.             Em           A             D         G
 //  Бувад меҳрат зи ҳад берун, Ту, эй Чӯпони неки ман,
.         Em        Fis          Hm
 Чунин гуфтӣ, ки огоҳӣ зи дона - дона мӯи ман.  //

[V2]
 Дар афсурдагию ғам, замони шодию иззат
 Ба даргоҳат шитобонам, ки во ҳаст он ба сӯи ман.
 //  Дар ин дунё Туро дорам, ягона меҳрубони ман.
 Бувад фахрам ҳама дар Ту, Ту ҳастӣ обрӯи ман.  //

[V3]
 Туро дорам, чӣ хушбахтам! Ҳамеша шоду масрурам.
 Хуш он рӯзе, ки пайвастам ба Ту, эй Меҳрубони ман.
 //  Туро дорам, киро хоҳам? Туӣ мақсуду ҳамроҳам.
 Ба наздат доим оромам, Ту, эй Чӯпони неки ман.  //

[V4]
 Туро дорам, чӣ зебоӣ! Ба ҳар ҷое Ту пайдоӣ!
 Вафо дориву меоӣ, зи пушти Ту равонам ман.
 //  Туро дорам, киро хоҳам? Туӣ мақсуду ҳамроҳам!
 Ба наздат доим оромам, Ту, эй Чӯпони неки ман.  //</lyrics>
<title>Худовандо, Ту огоҳӣ зи андак орзуи ман СЧҲ31 Хд15</title>
</song>